Ҳалокати ду ноболиғ ҳангоми оббозӣ
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Рӯзи шанбе ду навраси 15 сола аз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қойдаҳои шиноварӣ ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расиданд. Тавре ба АМИТ “Ховар” аз ВКД иттилоъ доданд, 8- уми август тахминан соати 11-и рӯз, ноболиғи 15-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расид. Ҳамон рӯз, тахминан соати 12:30-дақиқа ноболиғи 15-сола, сокини ноҳияи Восеъ, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳа аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ҳалок гардид.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби масъулин пайваста таъкид мегардад, ки дар ҷойҳои мамнӯъ ва тезоби кӯлу обанборҳо ва дарёҳо оббозӣ кардан хатар дорад, бинобар ҳамин аз волидайн тақозо менамоянд, ки кӯдакони хурдсол ва ноболиғи худро беназорат нагузоранд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






