Ҳамаи ободиҳо аз роҳ аст
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар” Ҳотами Шариф). Таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ҳамин рӯзҳои наздик комиссияи корӣ таъсис меёбад ва ба қабули роҳи мазкур шурӯъ хоҳад кард.
Дарозии умумии роҳ 57км буда аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода 45,3км бо паҳноии 25,5м ва ҳаракати чорхаттаи нақлиёт ба категорияи якум, аз шаҳри Турсунзода то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11,7 км бо паҳноии 15м ва ҳаракати духаттаи нақлиёт ба категорияи дуюм дохил мешавад. Дар роҳи мазкур 9 адад кӯпрукҳо сохта ва ё барқарор карда шуд. Роҳсозон 213 адад қубурҳои обгузар 117 24м квадратӣ такядевор, 48720м тахтасанги канори роҳ ва ғайраро бо сифати баланд сохта, ба истифода доданд. Дар айни ҳол чароғон кардани мавзеъҳои аҳолинишини роҳ босуръат идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






