Амалиёти густурдаи поксозии гурӯҳҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти қудратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон яке аз минтақаҳои муҳим дар вилояти Фарёб — Қароиро аз ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Толибон» пок карданд.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ин минтақа дар натиҷаи як амалиёти густурда бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ 3 август аз назорати толибон ба назорати нерӯҳои давлатӣ гузаштааст.
Дар натиҷаи амалиёт беш аз 7 тан толибон нобуд ва чандин ҷанговарони он захмӣ шудаанд.
Инчунин, ба нерӯҳои ҳукуматӣ муяссар шудааст, ки дар ин вилоят беш аз 20 рустои дигарро аз зулми толибон озод кунанд.
Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл генерал Дӯстум, волии вилояти Балх Ато Муҳаммади Нур ва муовини раиси иҷроияи Афғонистон Ҳоҷӣ Муҳаммад Муҳаққиқ ба хотири поксозии шимоли Афғонистон аз гурӯҳҳои ифротӣ эътилоф таъсис карда буданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






