Ҷамъоварии ҳосили ғалладона
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки то 7 августи соли 2015 майдони 261424 гектари он даравида шудааст.
Ҳамчунин, майдони 255505 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22693 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладона миқдори 707961 тонна буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 61090 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,7 сентнериро ташкил медиҳад.
Миқдори комбайнҳои ғалладарав дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладона то санаи мазкур 997 ададро ташкил медиҳад, ки айни замон 153 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






