Ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот

Август 14, 2015 04:31

Душанбе,  14.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 19426 гектар картошка кишт шудааст. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ майдони 6560 гектари он ҷамъоварӣ  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1227 гектар зиёд мебошад. 
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 141900 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39414 тонна афзун  буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 216, 3 сентнериро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар  муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 сентнерӣ бештар аст. 
Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар сабзавот кишта шуд, ки то имрўз майдони 18527 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2448 гектар зиёд мебошад. То 7августи соли равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 457407 тонна сабзавот истеҳсол  шудааст, ки дар  нисбати соли гузашта 91421 тонна афзунтар буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 246,9 сентнериро такшил медиҳад, ки нисбат ба  соли гузашта 19,3 зиёд мебошад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 274209 тонна полезиҳо истеҳсол  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62211 тонна бешаст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 207,5 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 сентнерӣ афзунтар аст.

 

Август 14, 2015 04:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд