Анҷоми давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон

Август 10, 2015 04:37

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки рӯзи 8 август, дар шаҳри Душанбе  дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) баргузор шуд, беш аз 30 нафар намояндагони расонаҳои хабарии кишвар ширкат доштанд.
Ин давраи бозомӯзиро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир карданд.
 Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳону хабарнигорони соҳа мебошад. 
Дар доираи барномаи давраи бозомӯзӣ дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи варзишгарон мусобиқот аз рӯи шиноварӣ ва тенниси рӯи миз байни хабарнигорону кормандони Кумитаи миллии олимпӣ барпо гардид. 
Дар сабқати шиноварӣ байни мардон Ибодулло Тоҳиров, хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ”,  ғолиб омад. Ибодулло Шоев, корманди Кумитаи миллии олимпӣ, ҷойи дуюм ва Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии КМО, ҷойи сеюмро гирифтанд. 
Дар сабқати занон оид ба шиноварӣ Зулфия Олимбекова, муҳаррири шабакаи «Овози тоҷик”-и Радиои Тоҷикистон, пирӯз шуд. Дар шиноварӣ байни собиқадорони синашон аз 60 боло Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, мақоми аввалро касб кард. Мирзосафар Шамсиддинов, ёвар ва сухангӯи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов,  ҷойи дуюм, Эмом Назаров, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият”,  ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Дар сабқати тенниси рӯи миз, ки миёни мардон сурат гирифт ғолибони мусобиқот ва соҳибони ҷойҳои дуюму сеюм бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд. 

 

Август 10, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад