Қарзҳои имтиёзнок барои муҳоҷирони эколог
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти раиси вилояти Суғд, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноябри соли 2013 «Дар бораи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 — 2016» дар шаҳри Хуҷанд бунёди 4 хоҷагӣ барои муҳоҷирони экологӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Рӯзи гузашта барои ин оилаҳо аз ҷониби шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо филиали БДА «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд қарзҳои имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаина дастрас гардид.
Ёдовар мешавем, ки маблағи қарзи имтиёзнок ба ҳар оила 3000 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






