Ба соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 1 млн. сомонӣ дода шудааст
Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳони Маҳмуд).- Дар давоми шаш моҳи соли равон ба 272 нафар сокинони ноҳияи дурдасти Тавилдара аз тарафи шуъбаҳои маҳаллии «Амонатбонк», «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва Хазинаи «Боршуд» ба маблағи 1 млн. 872 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуддат дода шудааст.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, қарзҳои мазкур барои рушди соҳибкорӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ равона шудаанд.
Ба воситаи ин бонкҳо дар нимсолаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар 619 ҳазору 350 доллари ИМА маблағи муҳоҷирони корӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 мутаносибан 450 ҳазор сомонӣ ва 204 ҳазору 200 доллари ИМА камтар мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






