Бар асари ихтилофи дохилӣ як қумандон ва 15 ҷангии Толибон ҳалок шуданд
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар музофоти Ҳироти Афғонистон бар асари як ихтилоф миёни ду гурӯҳи дохилии ба ҳам мухолифи Толибон як қумандон ва зиёда аз 15 ҷангии ин гурӯҳи ифротӣ кушта шуданд.
Бино ба иттилои оҷонсии хабарии Хома, ин ҳодиса бегоҳии рӯзи панҷшанбе дар ноҳияи Шинданди музофоти Ҳирот миёни ҷонибдорон ва мухолифони роҳбари тозаинтихоби Толибон Мулло Мансур сурат гирифт, ки дар натиҷа қумандони як гурӯҳ — Мулло Исмоил ва зиёда аз 15 ҷангии дигар ҳалок гардид.
Ёдовар мешавем, ки пас аз паҳнгардии хабари марги роҳбари Толибон Мулло Умар, дар сафи ҳаракати Толибон даргирии дохилӣ вобаста ба ихтилофи сиёсӣ шиддат гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






