Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга
Душанбе, 01.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли мамнуният Шумо ва тамоми мардуми дўсти Конфедератсияи Швейтсарияро бо солгарди иди миллии кишвар табрик ва муборакбод мегўям.
Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои густурда дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ бо Конфедератсияи Швейтсария назари бисёр нек дорад.
Мо омодаю ҳавасманд ҳастем, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун бо кишвари Шумо қадамҳои нав ба нави устувор гузорем.
Бо ибрози орзўҳои беҳтарин ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳҳатии комил ва комёбиҳои рўзафзун ва ба мардуми дўсти Швейтсария – хушрўзӣ ва дастовардҳои ҷадид таманно дорам».
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






