Бинои нави маркази хизматрасонии «Амонатбонк» дар Ғончӣ ба истифода дода шуд
Душанбе, 7.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар деҳаи дурдасти Дархони ноҳияи Ғончӣ бинои нави маркази хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонантбонк» ба истифода дода шуд. Сарвари филиали №23 БДА ҶТ Амонатбонк дар вилояти Суғд Ҳокимшоҳ Бобозода қайд кард, ки Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо мақсади беҳтар кардани шароити фаъолияти кормандони бонк ва хизматарасонии мизоҷон, баланд бардоштани эътибори кормандон, инчунин идомаи татбиқи технологияи муосир дар раванди хизматрасонии бонкӣ, алалхусус мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии муассисаҳои Амонатбонк, сохтмону барқароросозии иншооти гуногун, аз ҷумла бинои филиалҳои маҳаллии бонкҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкиро вусъат бахшидааст.
Танҳо дар соли гузашта бинои 5 филиали маҳаллии БДА ҶТ Амонатбонк барои истифода супорида шуд. Корҳои таъмиру азнавсозӣ имсол низ идома дошта, таъмири асосии бинои филиалҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов пурра ба анҷом расидааст.
Соли ҷорӣ дар деҳоти вилоят инчунин 3 бинои нави замонавии Марказҳои хизматарсонии бонкӣ сохта шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки Маркази хизматрасонии №215 БДА ҶТ Амонатбонк дар деҳаи Дархон ба бештар аз 7 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Дархон, Сурхоб, Сурхобча, Каҷровут, Сумбулканди ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Ғончӣ хизмат мерасонад. Аз ҷумла, аз хизматрасониҳои ин марказ 480 нафар нафақахурони ин деҳот, 4 мактаб, ҳоҷагиҳои ҷангал ва об истифода хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






