Бо усули «Хона ба хона»
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Зафар» оид ба масъалаҳои ҳалталаби рӯз, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон ва наврасон, оид ба нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ вохӯрӣ аз рӯйи усули «Хона ба хона» баргузор гардид.
Оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Зафар» намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши занони ноҳияи Шоҳмансур, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, раиси маҳаллаи «Зафар», сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд. Бо истиқоматкунандагон инчунин оид ба масъалаҳои озоду тоза нигоҳ доштани манзили зист ва кӯчаҳо, ташкили шанбегиҳо барои пешрафту ободии маҳали зист сӯҳбатҳо доир карда шуд.
Инчунин, ба ҳар узви калонсоли оила, ба падару модарон тавсия дода шуд, ки барои дастгирии оилаҳои ҷавон ҳамеша маслиҳатҳои муфидашонро дареғ надоранд. Ибтидои ҳар хушбахтӣ дар хонаводаҳо пеш аз ҳама ба волидайн вобаста аст. Агар волидайн аз мактаби оиладорӣ сабақи зарурӣ гирифта бошанд, дар зиндагӣ ҳамрози фарзандони худ мегарданд, ки шарти аввалини хушбахтии оилавӣ аст, зеро ҳамдилию ҳамзабонӣ ва ҳамроз будан дар хона беҳтарин сифатҳои инсонист ва кассе дорои чунин сифатҳост, бешак ба қуллаҳои баланди хушбахтӣ хоҳад расид.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






