Бозиҳо барои Ҷоми дастаи футболи «Истиқлол» оғоз мегарданд
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Мусобиқоти навбатӣ барои гирифтани Ҷоми футболи «Истиқлол» муддати як моҳ давом карда, дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, дар мусобиқа 20 дастаҳои футболи хурди вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, корхонаву муассисаҳо, бонкҳо, сафоратхонаву намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва дигар ташкилоту идораҳо ширкат мекунанд. Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба чор гурӯҳ ҷудо шуда, нахустин бозиҳои худро 8-уми август баргузор мекунанд.
Бояд гуфт бори сеюм аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе миёни вазоратҳо, сохторҳои қудратӣ, корхонаву муассисаҳо мусобиқа оид ба футболи хурдро ташкил мекунад. Дар ин мусобиқа бозигарони синнашон аз 24 сола боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Бозигарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа роҳ дода намешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






