Чин: Теъдоди фавтидагони таркиши Тианҷин ба 50 нафар расид
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз рӯи маълумоти пешакӣ, теъдоди фавтидагони таркишҳои азими шаҳри Тианҷини Ҷумҳурии мардумии Чин, ки аз ҷумлаи мудҳиштарин таркишҳои ғайриядроӣ шумурда мешавад, ба 50 нафар расид.
Бино ба иттилои оҷонсии хабарии Синхуа, дар натиҷаи таркиш зиёда аз 700 нафар ҷароҳат бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.
Дар инфиҷоре, ки дар анбори нигаҳдории заҳр-химикатҳо сар зад, хонаҳои баландошёна хароб гардида, ҳазорҳо нақлиёт сӯхтааст. Инчунин дувоздаҳ сӯхторхомӯшкун ҳалок гашта, 36 тани дигар бедарак шудаанд.
Мавриди ёдоварист, ки зимни корҳои сӯхторнишонӣ ва наҷотдиҳӣ як нафарро зинда пайдо кардаанд.
Бояд тазаккур дод, ки таркишҳо рӯзи чоршанбе тақрибан соати 23:30 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи Бунҳайи шаҳри Тианҷини Ҷумҳурии мардумии Чин сар заданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






