Чорабиниҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор

Август 21, 2015 02:46

 Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Аз ҷониби гурӯҳи кории созмондодашудаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва таҳкими бехатарии оташнишонӣ дар беш аз 186 иншооту биноҳои давлатию хусусӣ ва дигар сохтмонҳои хоҷагии халқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чорабиниҳои санҷишию профилактикӣ гузаронида шуд.
Зимни ин чорабиниҳо, ҳуҷраҳои кории ҳизбҳои сиёсӣ- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Дар рафти санҷишҳо маълум гардид, ки ҳуҷраҳои кории Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон бо системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда муҷҷаҳаз гардонида нашудааст, васл ва истифодабарии ноқилҳои барқии ду ҳуҷраи корӣ ба қоидаҳои  дастгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯ нестанд.
Зимни гузаронидани чорабинии мазкур ҳуҷраҳои кории Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва  Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ бо воситаҳои аввалин дараҷаи оташнишонӣ таъмин карда нашуда,  бо системаи автоматикии аз сӯхтор огоҳкунанда муҷҷаҳаз нестанд.
Бо масъулини ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба риоя намудани қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор сӯҳбатҳо гузаронида шуда, дастурҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Гурӯҳи мазкур кори худро  дар корхонаю иншооти ҳудуди шаҳри Душанбе идома дода, аз ҷумла ҶДММ «Бозори Корвон», КВД «Бозори Шоҳмансур»,  ҶДММ «Умед-88»,  ҶДММ «Нефтемаркетинг Восток», КВД «Бозори Саховат», бозори Якка-Чинор, марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», «Душанбе-Шанхай», бозори «Варзоб», КВД «Бозори Деҳқон», бозорҳои «Шому Саҳар», «Авиатор», 102, 103, «Зарафшон», «Қарияи Боло», маркази савдои «Фаровон» ва дигар иншоотҳои хоҷагии халқро аз санҷиши бехатарӣ аз сӯхтор гузарониданд.
Ҳангоми гузаронидани ин чорабиниҳои профилактикӣ дар иншооти санҷидашуда, як қатор камбудию норасогиҳо ошкор гардиданд, ки ба унвони роҳбарони онҳо барои  бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта амрнома ва санадҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳод гардиданд. 
Дар баробари ин, барои иҷро ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба 43 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

 

Август 21, 2015 02:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!