Дар Душанбе масоил ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро муҳокима менамоянд
Душанбе, 21.08.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — «Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон: ҳамкориҳои минтақавӣ» таҳти чунин унвон 27 август дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе, созмонҳои худмухтори ғайритиҷоратии «Иттиҳоди халқҳои Авруосиё“ (Русия) ва коршиносони клуби «Рушди Авруосиё»-и Осиёи Марказӣ, мизи мудаввар баргузор мегардад .
Дар кори мизи мудаввар директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар,муовини роҳбари намояндагии Россотрудничества дар Тоҷикистон Юрий Исмаилов, раиси идораи созмонҳои худмухтори ғайритиҷоратии «Иттиҳоди халқҳои Авруосиё“, директори институти илмӣ тадқиқотии таърих ва этнографии Урали ҷанубӣ , президенти ассамблеяи халқии вилояти Оренбурги Русия Веналий Амелин, мушовири калони сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алексей Игнатов, мудири шуъбаи масоили муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Наталя Кунтувдий ва дигарон иштирок менамоянд.
Зимни гузаронидани мизи мудаввар бо иштироки коршиносони Русия ва Тоҷикистон дар назар аст масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия: самтҳо, масоил ва дурнамо; рушди ҳамкории башардӯстонаи Русияву Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ; вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳамоҳангсозии бозори меҳнат; рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар доираи ИДМ, инчунин мавқеи вилояти Оренбург ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ ва равандҳои ҳамгироӣ миёни Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ намоянд.
Дар интиҳои мизи мудаввар оид ба мавзӯъҳои дар боло номбаршуда мубоҳисаҳо доир мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






