Дар Кӯлоб се бинои нави баландошёна бунёд мегардад

Август 31, 2015 04:18

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шафати ҳавзи шиноварии болопӯшида бо гузоштани  санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии се бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва майдончаҳои футбол ва обутоби бадан оғози расмӣ бахшид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо биноҳои истиқоматӣ аз 9 то 12 ошёна дар асоси лоиҳаи муосир бунёд мегарданд.
Биноҳои мазкур аз 240 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки баъди ду сол мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Барои бунёди бинои истиқоматии нуҳошёна 20 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. 
Фармоишгари асосии бунёди майдончаҳои футбол ва машқи бадан Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.
Сарвари давлат дастур дод, ки иншооти ба нақша гирифташуда дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода шавад.

 

Август 31, 2015 04:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд