Дар як шабонарӯз артиши Ироқ беш аз 70 террористи ДИ-ро маҳв кард
Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар»). – Артиши Ироқ дар як шабонарӯзи гузашта 71 силоҳбадасти гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро дар музофоти Анбор, инчунин дар наздикии шаҳри Самарра ва пойтахти кишвар-шаҳри Бағдод нобуд кард.
Тавре «ТАСС» иттилоъ медиҳад, ҳамчунин беш аз 40 адад маводи тарканда безарар гардонида шуда, қариб 50 истеҳкоми ҷангии ифротгароён маҳв гардид.
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми моҳи июл ҳукумати Ироқ аз оғози амалиёти густурдае барои озод намудани музофоти Анбор аз ифротгароён хабар дод.
Гурӯҳи ифротгарои ДИ фаъолиятҳои ифротиро дар шимоли Ироқ тобистони соли гузашта оғоз карда, ҳоло қариб 80 фоизи ҳудуди музофоти Анборро зери тобеият қарор додааст.
Ҳоло нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ пойтахти музофоти Анборро муҳосира намуда, ба пок сохтани он аз ҷангиёни ифротгаро шуруъ намудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






