Давраи омӯзишӣ доир ба меъёри ISO 14001
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шурӯъ аз 10-ум августи соли равон шаҳри Қайроққум мизбони як давраи омӯзишӣ доир ба меъёри ISO 14001:2004 — Низоми мудирияти муҳити зист (EMS) аст, ки то 15-уми август идома хоҳад кард.
Ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ, ки аз ҷониби Феҳраси байнулмилалии бозрасони молии раводор (IRCA) тасдиқ шудааст, омода кардани бозрасони молии (аудитор) бузургтар доир ба ISO 14001 дар Тоҷикистон мебошад.
Ин давраи омӯзишӣ нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад ва дар он намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар, ширкатҳои консалтингӣ ва донишгоҳҳо иштирок доранд. Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки меъёрҳои ISO 14000 василаҳои амалиеро дар ихтиёри корхонаҳову созмонҳо мегузорад, ки тавонанд масъулинашон ҳимояи муҳити зистро тарҳрезӣ ва иҷро бикунанд. То ҳоли ҳозир, дар 171 кишвари ҷаҳон 300 000 ҷоиз ба ISO 14001 дониста шуда, 96 тои он дар соли 2013 дар Тоҷикистон содир шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






