Фермерҳои голландӣ аз Тоҷикистон боздид менамоянд
Душанбе, 20.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз даҳ ширкати бузурги аграрии голландӣ, дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон-Голландия, ки моҳи октябр дар Душанбе -пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат менамоянд.
Назар ба иттилои Мукаммал Одинаева, сухангӯи Палатаи савдо ва саноати кишвар, дар ҷараёни ҳамоиш доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Голландия масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду кишварро дар бахши аграрӣ: чорводорӣ, паррандапарварӣ, тухмипарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, воридоти технологияи муосири кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва соири масоили тавсеаи ҳамкориҳо баррасӣ менамоянд.
Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон-Голландия бо ибтикори Палатаи савдо ва санотаи Тоҷикистон, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар Қазоқистон гузаронида мешавад.
Ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Голландия дар бахши кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дар заминаи он таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз се ҳадафи стратегии Хукумати мамлакат аст, аз мақсадҳои асосии ҳамоиши тиҷоратӣ маҳсуб меёбанд. Интизор меравад,ки доираҳои тиҷоратии Голландия аз хоҷагиҳои кишоварзию фермерии Тоҷикистон боздид намуда, бо вазъи бахши кишоварзии кишвармон аз наздик шинос мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки Голландия, яке аз кишварҳои аврупоист, ки дар бахши аграрӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, бо маҳсулоти содиротии аграрии худ дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






