Гулчанбаргузории Эмомалӣ Раҳмон дар майдони ёдгорӣ, боздид аз осорхона ва маҷмааи варзишии шаҳри Ашхобод
Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯзи 20-уми август дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони ёдгории шаҳри Ашхобод бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми туркман ба муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа ва қурбониёни заминларза дар шаҳри Ашхобод эҳтиром ба ҷо оварда, дар назди “оташи абадӣ” гулчанбар гузошт. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд. Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи “Муқаддасоти Ватан” ташриф овард. Дар даромадгоҳи осорхона меҳмони олимақомро роҳбарият ва коргарони осорхона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт. Дар шаҳри Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки олимпӣ бо маҷмааи замонавии варзишӣ аз наздик шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 дар Туркманистон бозиҳои панҷуми осиёӣ доир мегардад ва маҷмааи варзишӣ макони асосии баргузории ин чорабиниҳо хоҳад гашт. Бегоҳии рӯзи 20 — уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули расмӣ аз шаҳри Ашхободи Туркманистон ба Ватан баргашт. Мавриди зикр аст, ки сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон бо расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар анҷом ёфт. Тавре маълум гардид, байни Тоҷикистону Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ қариб 70 санади муҳими ҳамкорӣ мавҷуд буд ва дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот боз 5 санад ба имзо расид. Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои зиёди истифоданашударо муҳокима карданд. Ба хотири идомаи муколамаи сиёсӣ баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов даъват ба амал овард, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






