Иди Асалу сайри Харбуза дар Кӯлоб
Кӯлоб 24,08,2015(АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Рӯзи 22-юми августи соли равон бо ибтикори вилояти Хатлон ва раёсати кишоварзии вилоят дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб иди Асал ва сайри Харбуза доир гардид, ки дар он асалпарварон ва кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Ба иттилои раёсати кишоварзии вилоят давоми панҷ соли охир шумораи занбӯриасалпарварон 8 баробар ва истеҳсоли асали аълосифат ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ 10 баробар зиёд шудааст, ки аз ин ҳисоб содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар назаррас аст.
Баъди пурра аз назар гузаронидани намоишгоҳ ҳайати тадорукот ва ҳакамон ғолибони озмуни иди Асал ва сайри Харбузаро муайян намуда, ба онҳо туҳфаҳои таъсиснамудаи ҳукумати вилояти Хатлонро тақдим карданд.
Хамин тариқ, ҷой аввал насиби занбӯриасалпарварони ноҳияи Данғара, ҷои дуюмро занбӯриасалпарварони ноҳияи Фархор, ҷои сеюмро занбӯриасалпарварони ноҳияи Ховалинг сазовор гардиданд. Дар бахши ҳарбуза бошад ҷои аввалро полезикорони ноҳияи Ёвон, ҷои дуюм- ноҳияи Восеъ ва ҷои сеюмро кишоварзони ноҳияи Вахш ишғол намуданд. Инчунин аз ҷониби Ҳукумати вилояти Хатлон ба беҳтарин занбӯриасалпарварон ва полезикорон туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






