Ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар Кӯлоб бо иштироки Сарвари давлат
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишаст иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти калони варзиширо ба истифода дод.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб соли 2013 бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони қасри болопўшидаи намудҳои обии варзиш оғоз бахшида буд, ки дар давоми ду сол он бунёд гардид.
Тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии бино 50 ба 16 метр аст, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Дар асоси нақша ин иншоот аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Комил-2010» аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст.
Чунин ҳавзи шиноварии полопӯшида то ин муддат дар шаҳр вуҷуд надошт ва дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун маркази замонавии тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди истифода қарор гирифт.
Акнун баъди бунёди ҳавзи пўшидаи шиноварӣ варзишгарон дар тамоми фасли сол имкони сайқал додани маҳорати худро пайдо менамоянд.
Дар оянда бо истифода аз имконоти мусоид чорабиниҳои сатҳи баланд низ ташкил гардида, иштироки варзишгарони шаҳри Кўлоб дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар хоҳад гашт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






