Ифтитоҳи Меҳмонхонаи Чанор дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Баъди ифтитоҳи бинои замонавии Нозироти андози Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр Меҳмонхонаи Чанорро барои 100 ҷой ифтитоҳ намуд.
Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Комил-2010» ба анҷом расида, бо тарҳи муосир бунёд шудааст. Барои бунёди таҷҳизонидани меҳмонхона беш аз 46 миллион сомонӣ сарф гардид. Бино бо таҳхона ва мансард аз 13 ошёна иборат мебошад.
Акнун баъди бунёди меҳмонхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар ошёнаи аввал як китобхона бо 7 ҳазор китоб мавҷуд аст. Дар қисми дигари ҳамин ошёна, хамчунин як маркази савдо ба истифода дода шуд.
Дар ошёнаи якум Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари дӯзандагони моҳир, заргарон, ҳайкалтарошон, рассомон аз наздик шинос шуда, ба маҳорати онҳо баҳои баланд дод.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 68 нафар кӯдакони ятим тӯҳфаҳои пурарзиш, аз ҷумла сару либос тақдим кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






