«Ҷинояти буздилона»-и ДИИШ
Душанбе, 07.08.2015. (АМИТ «Ховар»,Тоҷиддин Аҳмадзода).- Вазири Дифоъи Ироқ Холид Ал-Убайдӣ, куштани мардуми бегуноҳ аз ҷониби ДИИШ-ро маҳкум карда, онро «Ҷинояти буздилона» унвон дод. Ал-Убайдӣ дар як матлабе , ки онро хабаргузории Ас-Сумирия нашр карда, гуфтааст: «Ҷинояти буздилонае, ки онро ДИИШ бо куштори шумори зиёди мардони Найнавои азиз анҷом дод, ба шиддат маҳкум менамоем . Ин гурўҳ дар номаи сиёҳи худ боз як ҷинояти сангини дигарро дар ҳаққи мардуми бегуноҳ сабт намуд. Ин ҷиноят ҷуз мустаҳкам кардани азму иродаи мо барои рондани онҳо аз сарзамини поки мо чизе дигар ба бор нахоҳад овард».
Суханони Ал-Убайдӣ дар ҳоле нашр гардид, ки сухангўи «Қувваҳои мардумӣ» Маҳмуд Сурҷӣ эълон кард, ки ДИИШ 2007 нафарро эъдом карда аст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






