Ироқ: якчанд минтақаи Анбор ва Салоҳуддин аз террористони ДИ озод карда шуданд

Август 20, 2015 04:56

Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Қувваҳои мусаллаҳи ироқӣ дар ҳамбастагӣ бо нерӯҳои мардумӣ якчанд минтақаи музофотҳои Анбор ва Салоҳуддинро аз террористони ДИ пок сохтанд. 
Бино ба иттилои агентии SANA, нерӯҳои муштараки артиш, полис, қабилавӣ ва мардумӣ дар натиҷаи даргириҳои шадид бо террористони ДИ маҳаллаҳои Ал-Малёб, Ал-Бакр, Аз-Зира ва дигар минтақаҳои шаҳри Эр-Рамодии музофоти Анборро озод карда, 93 ҷангиро куштаанд.
Дар музофоти Салоҳуддин нерӯҳои ироқӣ ҳудуди марказии ширкати «Нефтистеҳсолкунандаи шимолӣ»-ро пок сохтанд, ки дар он ҷо 23 террорист маҳв гардида, техникаи мушакандоз, миқдори зиёди автомашина ва даҳҳо милтиқи мергании онҳо нобуд карда шуданд.

 

Август 20, 2015 04:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад