Иштироки варзишгарони тоҷик дар Остона
Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз имрӯз 24 август то 30 августи соли равон дар пойтахти Қазоқистон — Остона баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Ба ҳайати мунтахаби кишвар 9 гуштингир дохиланд: Хушқадам Хусравов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фархизода (ҳарду — 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳарду — 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (100 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг).
Гуфта мешавад, ки дар тӯли 7 рӯз ширкаткунандагони мусобиқа барои 14 маҷмӯи медалҳо байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.
Имрӯз, 24 август, варзишгарони вазнашон сабуктарин — 48 кг мобайни занон ва 60 кг дар байни мардон — вориди рақобат мешаванд. Рӯзи 25 август занон дар вазни 52 кг ва мардон дар вазни 66 кг, 26 август занон дар вазни 57 кг ва мардон дар вазни 73 кг, 27 август занон дар вазни 63 кг ва мардон дар вазни 81 кг, 28 август занон дар ду вазн — 70 ва 78 кг, мардон дар вазни 90 кг, 29 август занон дар вазни беш аз 78 кг ва мардон дар вазни 100 кг ва беш аз 100 кг рақобат мекунанд.
Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро бештар намоянд. Барои медали тилло 900 имтиёз дода мешавад, ки ин аз ғолиби олимпӣ ҳамагӣ 100 имтиёз камтар аст. Барои медали нуқра 540 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 360 имтиёз дода мешавад. Ба ҷуз ин, маблағи ҷоизаи сабқати инфиродӣ 300 ҳазор доллар ва сабқати дастаӣ 200 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






