Ҳиссаи автомашинаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 45,1 фоизро ташкил додааст
Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- .
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон хизматрасонӣ ба 265,3 млн. мусофири нақлиёти автомобилӣ, 352,3 ҳазор мусофири нақлиёти ҳавоӣ, 198,1 ҳазор мусофир ба нақлиёти роҳи оҳан ва 4890,8 ҳазор мусофири нақлиёти барқӣ рост омадааст.
Дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ, тавассути нақлиёти автомобили байналмилалии ба 39 давлати хориҷӣ 552,0 ҳазор тонна бор интиқол гардида, 70,3 ҳазор мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум боркашонӣ 15,6 фоиз кам ва мусофирбарӣ 33,2 фоиз зиёд гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2015 ҳиссаи автомашинаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамлу нақли байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон 45,1 фоизро ташкил додааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






