Коҳиши воридоти мол тавассути воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон
Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар шаш моҳи аввали соли 2015 воридоти мол тавассути воситаҳои нақлиёти боркаш ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст, — қайд карда шуд дар нишасти матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар нимсолаи аввали соли 2015 ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 33 108 адад қатораи роҳи оҳан ва 18 564 адад мошинҳои боркаш мол ва воситаҳои нақлиёт ворид гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014 мутаносибан 5701 адад қатораи роҳи оҳан ва 4 837 адад воситаи нақлиёти боркаш кам мебошад.
Аз маблағи умумии гардиши молҳои воридотӣ, ки мебоист мавриди андозбандӣ қарор дода шаванд,1197 млн. доллари ИМА, ё 76,0% воридоти молҳое мебошанд, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон аз супоридани боҷи гумрукӣ ва андозҳо пурра ё қисман озод мебошанд.
Дар ин давра маблағи умумии пардохтҳои гумрукии озодкардашуда, 861,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014, ба маблағи 136,7 млн. сомонӣ кам мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






