Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Кӯлоб
Душанбе, 31.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳии оммавӣ ва инфиродӣ чораҳои мушаххас андешида, ҳаррӯза бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ вохӯриҳо анҷом дода истодааст. Танҳо дар моҳи августи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шуъба зиёда аз 20 вохӯриҳои оммавӣ анҷом дода шуда, бо усули «хона ба хона» аз аҳволи зисти зиёда аз 45 оилаҳои осебпазир бархӯрдор шуданд.
Дар рафти суҳбату вохӯриҳо ба масоили баланд бардоштани маърифат ва саводнокии бонувон, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва оиладорӣ, арҷгузорӣ ба либоси миллӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватанпарастию инсондӯстӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хурофотпарастӣ, худкушию худсӯзии занону ҷавондухтарон, тақлидкорӣ ба тарзи либоспӯшии бегона диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Занону ҷавондухтарони кӯлобӣ низ аз ҷониби худ дар рафти суҳбату вохӯриҳо ташаббус нишон дода, фикру ақидаҳои хешро баён медоранд, мушкилоти зиндагиашонро ироа менамоянд ва оид ба беҳтар сохтани шароити бонувон таклифу пешниҳодҳо манзур менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






