Корҳои сохтмонӣ дар Муъминобод.
Муъминобод, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)- Дар нохияи Муъминобод дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 7 млн 414 ҳазор сомонӣ аз худ карда, шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ дар ҳаҷми 6 млн 876 ҳазору 700 сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Бино ба иттилои раиси ноҳия Тоҳир Амиршозода, дар ҳамин давра аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 6 иншооти хизматрасонӣ ва маишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки метавонад эхтиёҷоти мардумро дар маҳал ба хадди зарурӣ бароранд. Дар айни замон сохтмони мактабҳо барои 200 хонанда дар як баст дар деҳаҳои Фурузоба, Садбаргоҳ, Момандиён, Шаҳрак , хонаи 32 хуҷрадор, касри фарҳанг, варзишгох, қалъаи Муъминобод дар авҷи биноёбӣ буда, барқарорсозии осоишгоҳи махсусгардонидашудаи саломатии беморон баъд аз табобати зиддисилӣ, сохтмони беморхонаи минтақавии деҳаи Кулчашма, осоишгоҳ дар деҳаи Чилдухтарон ва сохтмони корхонаи дузандагӣ, ҳамом, филиали «Тоҷиксодиротбонк», хати оби нушокӣ дар маркази ноҳия ва дигар сохтмонҳои хурду бузург ҷараён доранд. бояд гуфт, ки 16 синфхонаи иловагӣ ва 4 бунгоҳи тибби низ ба таври ҳашар сохта ба истифода дода шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






