Курдҳо аз қатли 15 наврас аз ҷониби ДИ дар Ироқ хабар доданд

Август 24, 2015 06:54

Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Маҳинаи Собир). — Намояндаи Ҳизби демократии Курдистон Саид Мамузинӣ   изҳор дошт, ки  ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ»  рӯзи ҷумъа, 21-уми август, 15 наврасро  дар шаҳри Синҷари Ироқ ба қатл расониданд. Дар ин бора  дар сомонаи шабакаи телевизионии Press TV хабар дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони  синни аз 13 то 18 сола  аскарони нави ДИ  буданд, аммо онҳо  дар давоми даргириҳо бо артиши Ироқ  дар Мосул  ( шаҳр зери назорати ДИ  аз моҳи июни соли 2014 қарор дорад) майдони ҷангро тарк намуданд.

Press TV қайд менамояд, ки 15-уми август дар лагери ҳарбии ал-Газланӣ  воқеъ дар наздикии Мосул, ҷангиён 15 занро ба қатл расониданд. Ин амал пас аз он анҷом дода шуд,ки онхо издивоҷ намудан бо террористонро рад карданд . Боз 19 зан дар аввали моҳи  август дар Мосул аз хоҳиш надоштан дар алоқаи ҷинсӣ бо исломгароён  кушта шуданд.

Илова бар ин, тибқи иттилои  нашрияи Iraqi News, ҷангиёни ДИ рӯйхати ду ҳазор нафарро, ки чанд рӯз пеш эъдом шуда буданд, интишор доданд. Бисёре аз қурбониён  кормандони  хадамоти амниятии Ироқ ва муассисаҳои ҳукуматӣ, ҳамчунин  комиссияҳои интихоботӣ будаанд.

Август 24, 2015 06:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд