Курдҳо аз қатли 15 наврас аз ҷониби ДИ дар Ироқ хабар доданд
Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Маҳинаи Собир). — Намояндаи Ҳизби демократии Курдистон Саид Мамузинӣ изҳор дошт, ки ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» рӯзи ҷумъа, 21-уми август, 15 наврасро дар шаҳри Синҷари Ироқ ба қатл расониданд. Дар ин бора дар сомонаи шабакаи телевизионии Press TV хабар дода шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони синни аз 13 то 18 сола аскарони нави ДИ буданд, аммо онҳо дар давоми даргириҳо бо артиши Ироқ дар Мосул ( шаҳр зери назорати ДИ аз моҳи июни соли 2014 қарор дорад) майдони ҷангро тарк намуданд.
Press TV қайд менамояд, ки 15-уми август дар лагери ҳарбии ал-Газланӣ воқеъ дар наздикии Мосул, ҷангиён 15 занро ба қатл расониданд. Ин амал пас аз он анҷом дода шуд,ки онхо издивоҷ намудан бо террористонро рад карданд . Боз 19 зан дар аввали моҳи август дар Мосул аз хоҳиш надоштан дар алоқаи ҷинсӣ бо исломгароён кушта шуданд.
Илова бар ин, тибқи иттилои нашрияи Iraqi News, ҷангиёни ДИ рӯйхати ду ҳазор нафарро, ки чанд рӯз пеш эъдом шуда буданд, интишор доданд. Бисёре аз қурбониён кормандони хадамоти амниятии Ироқ ва муассисаҳои ҳукуматӣ, ҳамчунин комиссияҳои интихоботӣ будаанд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






