Либосҳои мактабӣ барои хонандагони Бадахшон
Душанбе, 31.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 29 август бо шароити истиқоматии фарзандони оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Вилояти Бадахшон, ки айни замон дар истироҳатгоҳи «20 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истироҳат фаро гирифта шудаанд, шинос гардид.
Раиси вилоят дар остонаи Рӯзи дониш муҳассилин ва хонандагонро шодбош гуфта, ба 110 нафар хонандагон сару либоси мактабӣ, пойафзол, ҷузвдон, китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ тӯҳфа намуд.
Ёдрас мешавем, кӯдакону наврасони вилояти Бадахшон, ки оилаҳояшон аз офати табиӣ зарар дидаанд, соли нави хонишро дар истироҳатгоҳи «20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






