Литсей интернатҳои тоҷикию туркӣ ба «Литсейҳо барои хонандагони болаёқат» табдил дода шуданд

Август 6, 2015 11:59

        Душанбе, 06.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор қабул кард, ки   литсей-интернатҳои  муштараки тоҷикию туркӣ  ба муассисаҳои давлатии  таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» табдил дода шаванд.
           Дар ин  асос муассисаи таълимии «Литсей -интернати  муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷи Камоли шаҳри Душанбе», «Литсей -интернати  муштараки тоҷикӣ -туркии иқтисодии Душанбе», инчунин  литсей -интернатҳои  муштараки тоҷикию туркии  шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва ба номи Ҷалолиддин Румии шаҳри Қӯрғонтеппа бо нигоҳ доштани иншооти  мавҷуда, воҳидҳои  кории амалкунанда ва бо тартиби худмаблағгузорӣ мутаносибан ба Муассисаи давлатии  таълимии /МДТ/«Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри Душанбе, МДТ «Литсей барои хонандагони  болаёқати равияи  иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, МДТ «Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, МДТ  «Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри Турсунзода, МДТ «Литсей барои хонандагони  болаёқат» дар шаҳри  Қӯрғонтеппа, МДТ ««Литсей барои хонандагони  болаёқат»  дар шаҳри Кӯлоб табдил дода мешавад.
         Дар асоси банди дуюми Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  Вазорати маориф ва илми кишвар вазифадор гардидааст, якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ тартиби муқарраргардидаи масъалаҳои ташкилию  ҳуқуқии муассисаҳои дар боло зикршударо ҳал намояд.
          Инчунин Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супоридани биною иншоот  ва дигар амволи муассисаҳои  зиркшударо таъмин месозад.
          Тибқи банди охирини Қарори мазкур Қарори Шӯрои 
Вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994 аз эътибор соқит дониста мешавад.                 

 

Август 6, 2015 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!