Марди 33 сола бо гумони таҷовуз ба номус ва духтари 19 сола бо гумони рабудани автомашина дастгир гардиданд
Душанбе, 22.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 33-солаи ноҳияи Файзобод бо гумони содир кардани ҷинояти вазнин — таҷовуз ба номус дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки ин мард ба хонаи зани 36-сола — истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод рафта, бо роҳи зӯроварӣ ба номуси духтари ноболиғи 16-солаи ӯ таҷовуз намудааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохила, дирӯз, 21-уми августи соли равон аз назди бинои «Кохи Борбад» автомашинаи тамғаи «Ниссан-Максима» аз тарафи шахси номаълум рабуда шуд. Соҳиби автомашина дар ин хусус бо ариза ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино муроҷиат кард ва зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони рабудани автомашинаи мазкур, ҷавондухтари 19-солаи сокини Душанберо дастгир карданд. Ҳоло тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






