Матраҳгардии офатҳои табиии вобаста ба об дар сатҳи глобалӣ
Душанбе, 06.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо 58,5 фоизи аҳолии кишвар сарчашмаҳои хушсифати оби нӯшокӣ ва қариб 30 фоизи он шароити хуби санитарӣ доранд». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷараёни мулоқоташ бо Лео Хеллер гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ иброз дошт. Мавсуф афзуд, ки дар зарфи панҷ соли охир Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба захираҳои об зиёда аз 20 стратегия ва барнома қабул кардааст, ки дар доираи онҳо барои лоиҳаҳои мушаххас беш аз 500 миллион доллар масраф мешавад.
Ш.Зуҳуров доир ба нақши вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати фароҳам овардани фазои қонунӣ дар самти мусоидати мустақим ба ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, ба оби нӯшокии бехатар ва хидматҳои беҳдоштӣ маълумот дод. Номбурда, гуфт, ки Парлумони Тоҷикистон дар ин замина қонунҳои алоҳида қабул намуда, вобаста ба талаботи ҷомеа ба иддае аз қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид кардааст. Дар иртибот ба таъсири тағйири иқлим тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон, ки 93 фоиз қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, афзоиши офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд ба мушоҳида мерасад, ки боиси зиёни бузурги иқтисодиву маънавӣ мегардад, таъкид кард. Ш. Зуҳуров. Аз ин рӯ, дар сатҳи глобалӣ мунтазам мавриди баррасӣ қарор додани масъалаи офатҳои табиии бо захираҳои об алоқаманд мувофиқи мақсад аст.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо барномаи СММ, нақши Парлумони Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташкили семинар ва ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ бо иштироки мутахассисон ва коршиносон вобаста ба масъалаи ҳуқуқи инсон ба оби нӯшокии бехатар баррасӣ шуданд.
Лео Хеллер гузоришгари махсуси СММ доир ба фаъолияти барномаи СММ маълумот дода, гуфт, ки омодаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






