Мавзуна ва Шоира барандагони медалҳои биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс
Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон),- Дирӯз муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, ноком шуданд. Хотирасон менамоем, ки ҳарду муштзани тоҷик, ки аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гаштанд, имрӯз бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Ӯзбекистон ба нимфинал баромад. Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз муштзани Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни то 64 кило, ки дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин рақобат кард.Шоира низ ба нокомӣ дучор шуда, ба финал баромада натавонист.Бояд зикр кард, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар — Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Мирзо Шамсиеву Ҷамшед Султонов шомил буданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






