Медали биринҷии Хуршед Маҷидов дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон

Август 10, 2015 02:19

Душанбе,10.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни варзишгарони синашон то ҳаждаҳсола дар Босния ва Ҳерзеговина дар вазни беш аз 90 кило мақоми севумро касб кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар риштаи дзюдо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон намояндаи Тоҷикистон ба чунин дастовард мушарраф гаштааст.
тавре дар КМО мамлакат хабар доданд, Хуршед Маҷидов пас аз се ғалаба ба Лхақвадори Батҷаграл (Муғулистон), Дмитрий Хохлов (Булғористон) ва Филип Милҷевик (Хорватия), дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Каитов (Русия) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Игнас Мекаҷус (Латвия) ғолиб омад ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар ин мусобиқа 475 варзишгар аз 59 кишвари дунё иштирок доштанд. Ҷопон дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби ҳафт медал — 4 тило, 1 нуқра ва ду биринҷӣ — дар мақоми аввал ва Русия бо нӯҳ медал, аз ҷумла ду тило, дар ҷои дувум қарор гирифтанд. Ҳолланд бо касби се медал — 2 тило ва 1 нуқра — севум шуд.  Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 22-юм қарор гирифт. 

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт варзишгар — 6 писар – Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (60 кг), Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Салмон Раҳмихудоев (66 кг), Илҳом Ҳофиззода (73 кг), Хуршед Маҷидов (беш аз 90 кг) ва 2 духтар Шукрона Қарчиева (48 кг) ва Шоҳида Қаландарова (57 кг) — намояндагӣ карданд.

Ба ҷуз Хуршед Маҷидов, аз миёни дигар гуштигирони ҷавони тоҷик натиҷаи нисбатан хубтарро Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни зери 60 кило нишон дод. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Муғулистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ба нимфинал баромад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз Генки Кога (Ҷопон) мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро гирифт. 

Дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева  ва Шаҳодат Қаландарова дар нахустин даври мусобиқа ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. 

Ёдовар мешавем, Хуршед Маҷидов моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Cup), ки дар Чирчики Узбакистон баргузор шуд, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш аз ин кишвари ҳамсоя –Шоҳрух Тӯраев — пирӯз омада, соҳиби медали тило гардида буд.

Хуршед, инчунин, моҳи майи соли ҷорӣ дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000, ки дар шаҳри Клаҷ Напокаи Руминия баргузор шуд, бо медали тило мукофотонида шуд. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кристоф Фабос аз Маҷористон ғолиб омад.

Хуршед Маҷидов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, «замони кӯдакӣ аз тариқи телевизион паҳлавонони тоҷик Расул Боқиев, Набимуҳаммад Хоркашевро, ки ҳар яке парчамбардори Тоҷикистонанд, медидам, лаззат мебурдам ва орзу мекардам, ки мисли онҳо номвар шавам.»

Август 10, 2015 02:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст