Муҳсин Муҳаммадиев ба ҳайати мураббиёни “Ордабаси”-и Қазоқистон шомил шуд

Август 24, 2015 04:22

Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Собиқ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми худ, барои кор ба бошгоҳи “Ордабаси”-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафт. 
Даъвати ӯ ба ин бошгоҳ баъди ба вазифаи сармураббии «Ордабаси» таъин шудани Бахтиёр Байсеитов сурат гирифтааст, ки чанд рӯз  пеш дар ин симат Виктор Кумиковро иваз карда буд. Айни замон “Ордабаси” дар чемпионати Қазоқистон дар зинаи панҷуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад ва расонаҳои он кишвар мегӯянд, раҳбарияти бошгоҳ дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки бояд ба Ҷоми Аврупо роҳ ёбанд.
Ёдрас мешавем, ки Муҳсин Муҳаммадиев ду сол қабл мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазовичро дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иваз карда буд. Вай соли 2008 дар вазифаи мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон фаъолият кардааст. Бо бошгоҳи “Рубин” то моҳи декабри соли 2013 қарордод дошт, вале дар моҳи июни соли 2012 ин қарордод пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.
Муҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми асри гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) — 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) — 1993-1994, «Спартак» (Маскав) — 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) — 1996-1997, «Аустрия» (Вена) — 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) — 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони чемпиони Русия мушарраф гаштааст.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 — 2005 мураббии дуюми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дуюм дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Муҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дуюми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

 

Август 24, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд