Муҳсин Муҳаммадиев ба ҳайати мураббиёни “Ордабаси”-и Қазоқистон шомил шуд
Душанбе, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Собиқ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми худ, барои кор ба бошгоҳи “Ордабаси”-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафт.
Даъвати ӯ ба ин бошгоҳ баъди ба вазифаи сармураббии «Ордабаси» таъин шудани Бахтиёр Байсеитов сурат гирифтааст, ки чанд рӯз пеш дар ин симат Виктор Кумиковро иваз карда буд. Айни замон “Ордабаси” дар чемпионати Қазоқистон дар зинаи панҷуми ҷадвали мусобиқа қарор дорад ва расонаҳои он кишвар мегӯянд, раҳбарияти бошгоҳ дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки бояд ба Ҷоми Аврупо роҳ ёбанд.
Ёдрас мешавем, ки Муҳсин Муҳаммадиев ду сол қабл мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазовичро дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иваз карда буд. Вай соли 2008 дар вазифаи мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон фаъолият кардааст. Бо бошгоҳи “Рубин” то моҳи декабри соли 2013 қарордод дошт, вале дар моҳи июни соли 2012 ин қарордод пеш аз муҳлат қатъ карда шуд.
Муҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми асри гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) — 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) — 1993-1994, «Спартак» (Маскав) — 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) — 1996-1997, «Аустрия» (Вена) — 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) — 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони чемпиони Русия мушарраф гаштааст.
Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 — 2005 мураббии дуюми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дуюм дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Муҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дуюми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






