Мубориза бар зидди малах

Август 1, 2015 04:16

Душанбе, 1.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Корхонаи воҳиди давлатии “Мубориза бар зидди малах” дар ҷумҳурӣ майдони умумии паҳнгаштаи малахҳо 104 ҳазору 827 гектарро дар бар мегирад. То имрўз дар майдони 96019 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 23883 гектар зиёд мебошад. 
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд, тухмгузорӣ ва паҳншавии малах бештар дар ноҳияҳои Ҷиликул, Қумсангир, Шаҳритус, Қубодиён, Хуросон ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Турсунзода, Рўдакӣ ва Шаҳринави ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои Исфара, Б.Fафуров, Мастчоҳ, Зафаробод ва Конибодоми вилояти Суғд мушоҳида шуд. 
Ба иттилои манбаъ, баҳри коркарди кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ 33  трактори дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозоллӣ, 405 дорупошаки дастӣ ва моторӣ мавриди истифода қарор дошта, 811 нафар қувваи корӣ сафарбар шудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16 адад, вилояти Суғд 9 адад ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 трактори дорупош мавриди истифода қарор дорад.

Август 1, 2015 04:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад