Муборизаи футболбозони наврас барои ҷоизаи Владимир Ғуломҳайдаров
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Пагоҳ, 22-юми август мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни футболбозони навраси соли таваллудашон 2002 барои ҷоизаи мураббии шоистаи Тоҷикистон, устоди варзиши Шӯравӣ Владимир Ғуломҳайдаров анҷом меёбад.
Дар мусобиқа ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои РШВСМ аз Душанбе, «Гимназияи МИИ» аз Истаравшан, «Арал»аз Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Авиатор» аз Душанбе, ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Солор» аз Душанбе, «Хуҷанд»и Хуҷанд, ДЮСШ аз Кӯлоб ва ДЮСШ аз Турсунзода шомиланд.
Бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, ғолибон пагоҳ, 22 август муайян мегарданд.
Ёдрас мешавем, футболбози машҳур Владимир Ғуломҳайдаров, собиқ капитан ва сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, узви дастаи мунтахаби олимпии СССР буд. Номбурда 19 соли ахир дар шаҳри Алматии Қазоқистон зиндагӣ мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






