Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо роҳбари ширкати сармоягузории “Тунг”- и Ҷумҳурии мардумии Чин
Душанбе, 12.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дирӯз раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, роҳбари ширкати сармоягузории “Тунг”-и Ҷумҳурии мардумии Чин, Сун- Вэй- ро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат роҳбари вилоят оид ба ҳамкории судманд бо ширкатҳои чинӣ, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва доир ба ворид намудани технологияҳои муосир барои эҳёи корхонаи “Нуриҳои Азотии Вахш” пешниҳодҳои ҷолиб кард.
Сун- Вэй афзуд, ки маҳз ба нияти эҳёи корхонаи “Нуриҳои Азотии Вахш” омадааст. «Мақсаду мароми мо кӯмак намудан ба кишоварзони Тоҷикистон аст», изҳор дошт Сун – Вэй. Зикр гардид, ки дар ҳолати ба мувофиқа расидан, имкон аст, дар давоми як сол истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз қабили нуриҳои минералӣ ба роҳ монда шавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






