Мусиқинавозони ҷавони Тоҷикистон ба озмуни байналмиллалии ба номи П.Чайковский даъват шуданд
Душанбе,27.08.2015.(АМИТ«Ховар»). — Мусиқинавозони ҷавон аз Тоҷикистон барои ширкат дар озмуни IX –уми байналмилалии ҷавонон ба номи П.Чайковский, ки моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия баргузор мегардад, даъват шуданд.
Озмун ба 175-солагии бастакори бузурги рус Пётр Чайковский бахшида шудааст.
Дархост барои иштирок то 15 октябр қабул карда мешавад. Вобаста ба барномаи ихтисосӣ бояд асарҳои Чайковский, Бах, Гайдн, Мотсарт, Бетховен, Паганини, Грюхмахер ва дигар бастакорон на беш аз 25 дақиқа иҷро карда шаванд .
Ба ҳайати ҳакамон мусиқинавозони машҳур аз Русия, Арманистон, Қазоқистон, Исроил, Ҷопон, Корея, Чин, Фаронса ва Швейтсария шомиланд. Озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанги вилояти Новосибирск, Ассотсиатсияи лауреати озмуни байналмилалии ба номи П.И. Чайковский, Корпоратсияи рушди байнидавлатӣ ташкил гардидааст.
Ин озмун ба олами мусиқӣ даҳҳо нафар истеъдодҳои ҷавонро тақдим намудааст, ки баъзан мусиқинавозони номӣ шуданд.
Озмуни байналмилалии ҷавонон ба номи П.Чайковский соли 1992 таъсис ёфта, бузургтарин озмуни касбӣ барои мусиқинавозони ҷавон аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






