Нигаронии Убайдуллоев аз талбандагӣ дар кӯчаю роҳҳо

Август 4, 2015 05:07

Душанбе, 04.08.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи навбатии кории шаҳрдорӣ аз зиёд шудани талбандаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои нақлиётии пойтахт изҳори нигаронӣ намуд. Вобаста ба ин мушкилот раиси шаҳри Душанбе ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе супориш дод, ки тадбирҳои заруриро амалӣ карда, пеши роҳи ин зуҳуроти зишт гирифта шавад. Ҳамзамон М. Убайдуллоев ба масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон супоришҳои қатъӣ дод.

 

Август 4, 2015 05:07

Хабарҳои дигари ин бахш