Оғози даври дуюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол
Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шурӯъ аз дирӯз, 2-уми август даври дуюми мусобиқот оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олии миллӣ оғоз ёфт.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, дар доираи бозиҳои даври 10-уми мусобиқот ҳамаи даҳ дастаи лига ширкат карданд.Чемпиони феълии мамлакат дастаи “Истиқлол”-и пойтахт дар шаҳри Қӯрғонтеппа меҳмони “Вахш” шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Дар бозии марказии давр байни дастаҳои “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб ғалаба насиби бозингарони дастаи «Равшан» шуд.
Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар сафар, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар дастаи “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 3 бар 1, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ ба дастаи КМВА «Помир” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ва дастаи “Хайр”-и Ваҳдат низ бар дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуданд.








17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






