Оғози даври дуюми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол

Август 3, 2015 04:55

Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Шурӯъ аз дирӯз, 2-уми август даври дуюми мусобиқот оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олии миллӣ оғоз ёфт.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз  Федератсияи футболи кишвар хабар доданд, дар доираи бозиҳои даври 10-уми мусобиқот ҳамаи даҳ дастаи лига ширкат карданд.Чемпиони феълии мамлакат дастаи “Истиқлол”-и пойтахт дар шаҳри Қӯрғонтеппа меҳмони “Вахш” шуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Дар бозии марказии давр байни дастаҳои “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб ғалаба насиби бозингарони дастаи «Равшан» шуд. 
Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд  дар сафар,  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар дастаи “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 3 бар 1, дастаи  “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ ба дастаи КМВА «Помир” бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ва дастаи “Хайр”-и Ваҳдат низ бар дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуданд. 

Август 3, 2015 04:55

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд