Омӯзиши ҳамкорӣ бо ҷомеа дар ноҳияи Ҷиргатол
Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар» ).- «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ислоҳоти милитсия ва мубодилаи таҷриба дар самти тасдиқи Консепсияи «Ҳамкорӣ бо ҷомеа,» -таҳти чунин унвон дирӯз, 27-уми август дар ноҳияи Ҷиргатол машғулиятиомӯзишӣ доир гардид.
Омӯзиши мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии САҲА гузаронида шуд, дар кори он масъулин аз ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва робита оид ба ислоҳоти милитсияи САҲА, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия аз ноҳияи Ҷиргатол ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат доштанд.
Дар рафти муҳокимаи мавзӯи мазкур масъулин барои баланд бардоштани корҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо дар фаъолияти милитсия, тақвият додани ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва мувофиқан баланд бардоштани боварии ҷомеа ба милитсия пешниҳодҳои судманд намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






