Омӯзиши кормандони ВКД дар ИМА
Душанбе, 21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзона Давлат).-7 нафар кормандон аз мақомоти Вазорати корҳои дохилии кишвар курси омӯзиши панҷрӯзаро дар Амрико ба анҷом расониданд.
Омӯзиши мазкур, ки дар шаҳрҳои Вашингтон, округи Колумбия ва Бостони иёлоти Массачусетс ба мутахассисони тоҷик дар марҳилаи гузариш аз усулҳои анъанавии ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба усулҳои пешгирикунанда, ки ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа равона шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
Зимни сафар ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони расмӣ аз Идораи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), Идораи муҳориба бар зидди терроризм (CT), Вазорати адлияи ИМА, Вазорати бехатарии миллии ИМА, Дафтари полиси минтақавии Чарлз ва академияи агентии федералии тафтишотӣ вохӯрданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






